Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба Эрон ва Покистон пешниҳоди кумак кард


Мақомот дар Покистон мегӯянд, ки зилзилаи рӯзи сешанбе боиси вайронии садҳо манзили истиқоматӣ дар минтақаи Машкали иёлати Балуҷистон шудааст.

Мақомот дар Покистон мегӯянд, ки зилзилаи рӯзи сешанбе боиси вайронии садҳо манзили истиқоматӣ дар минтақаи Машкали иёлати Балуҷистон шудааст.

Дар ҳоле, ки ИМА ба осебдидагони зилзилаи Эрон ва Покистон пешниҳоди кумак мекунад, артиши Покистон барои наҷоти зарардидагон дар манотиқи дурдасти ин кишвар дар паи талош аст.

Маркази зилзилаи 7,8 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер, ки рӯзи сешанбеи 16 апрели соли 2013 рух дод, дар ҷанубу шарқи Эрон воқеъ будааст. Аммо ин ҳодисаи мудҳиш бештарин талафоти ҷониро дар иёлати Балуҷистони Покистон ба ҷой гузошт. Ҷое, ки 40 тан кушта шуданд.

Хабарнигори радиои «Озодӣ» аз вилояти Фароҳи Афғонистон гузориш медиҳад, ки таконҳои ин заминларза дар вилояти Фароҳ ва Нимрӯзи Афғонистон низ эҳсос шуд, аммо аз талафоти одамон гузориш нашудааст. Ба навиштаи хабаргузории Франс-Пресс, пасларзаҳои ин зилзила ҳазорон тан аз сокинони шаҳри Дубайро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст ва таконҳои он дар Саҳрои дур то Кувайт ва Деҳлии Нав — пойтахти Ҳиндустон эҳсос гардидааст.

Аз сӯи дигар, як хадамоти геологии ИМА имрӯз ҷунбишҳои нави қишри заминро ба шиддати 5,7 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер сабт кард, ки боиси тарсу нигаронии сокинони манотиқи наздисарҳадӣ байни Эрон ва Покистон гаштааст.

Мақомот дар Покистон мегӯянд, баъд аз зилзилаи рӯзи сешанбе, ки боиси вайронии садҳо манзили истиқоматӣ дар минтақаи Машкали Балуҷистон шуд, сарбозони артиш ҷиҳати кумак ва тақвият ба талошҳои имдодрасонӣ дар минтақа мустақар шуданд. Чархболҳои низомӣ наҷотбахшонро ба минтақаҳои осебдида интиқол доданд ва сарбозони артиш дар талоши кумак ба мардуми зарардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико, хусумати тӯлонӣ бо Эрон ва тирагии равобитро бо Покистон канор гузошта, тасаллияту ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаҳои қурбониёни ин заминларза иброз дошта, гуфтааст, ки «мо омодаи кумак дар ин лаҳзаҳои душвор ҳастем».

Пан Гӣ Мун, дабири кулли СММ, баъд аз фоҷиаи рӯзи сешанбе бо ибрози тасаллият гуфт, ки дар сурати тақозои мадад ин созмон омодаи кумак мебошад.

Мақомот дар Эрон гуфтаанд, ки бар асоси маълумотҳои ибтидоӣ бештар аз 20 деҳа дар вилояти Сиистон-Балуҷистон шадидан осеб дидаанд. Волии ин вилоят ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, ки 27 нафар захмӣ шудаанд ва дар ҳоли ҳозир марги касеро таъйид накардааст.

Ин заминларза дар Эрон як ҳафта баъд аз як заминларзаи дигар дар наздикии шаҳри наздисоҳилии Бушаҳр рух медиҳад, ки дар натиҷаи он 30 нафар қурбон шуда буданд.
XS
SM
MD
LG