Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчии ҳероинро дар Маскав боздошт кардаанд


Дар Маскав аз як таҷрибаомӯзи пешини Академияи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тақрибан 20 кило ҳероин мусодира кардаанд. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ ва брздошт бори аввал дар соли 2013 бузургтарин миқдори ҳероин дар Русия боздошт шудааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав бидуни сабти ном зиндагӣ мекардааст ва дар ин амалиёт боздошт шудааст.

Баъд аз расидагӣ ва бозпурсӣ маълум шудааст, ки вай таҷрибаомӯзи пешини Академияи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон будааст. Аз вай ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG