Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон тафтиши вагонҳои роҳи оҳани худро шуруъ кард


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои санҷиши вазъи беҳдоштӣ, зистмуҳитӣ ва фаннӣ дар қаторҳои роҳи оҳан як гуруҳи корӣ таъсис дод. Низом Ҳакимов-вазири нақлиёти Тоҷикистон 16-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки пас аз изҳороти мақомоти Русия дар мавриди ҷавобгӯ набудани вагонҳои қаторҳои Тоҷикистон ба талаботи беҳдоштӣ ва экологӣ, вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис додааст.

Вазифаи ин гуруҳ, тафтиши ҳамаи вагонҳои мусофирбару ва борбари аст, ки равонаи Русия мебошад. Агар вагонҳо аз нигоҳи техникӣ хароб ва ё ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ набошанд, таъмир ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд.

Ба гуруҳи корӣ мутахассисони ботаҷриба ҷалб шуданд ва дар ояндаи наздик хулосаҳои худро ба вазорати нақлиёт пешниҳод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG