Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Рӯзи чаҳоршанбе Ожонси давлатии омори вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба матбуот хабар дод, ки кӯмакҳои башарии маҳофили байналмиллалӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 тақрибан 3 баробар афзоиш ёфтааст ва он ба 30 миллиону 200 ҳазор доллар расидааст.

Соли гузашта дар ҳамин давра ин кӯмакҳо 10 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил карда буд.

Бештар аз 82 дарсади ин кӯмакҳо ба Амрико ва Русия муттааллиқ аст. Ба ин кӯмакҳои башарӣ орду руған, доруворӣ, либосу пойафзол, маводи дигари ғизоӣ ва таҷҳизоти компютериву тиббӣ дохил мешавад.
XS
SM
MD
LG