Пайвандҳои дастрасӣ

Баргузории ҷашнвораи «Шашмақом» бо ширкати мақомхонони минтақа


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки то як моҳи дигар дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад.

Мирзо Олимов, сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 17-уми апрел зимни таъйиди ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҷашнвораи байналмилалии «Шашмақом» ба таърихи 10 то 12 майи соли ҷорӣ бо ширкати беҳтарин мақомхонону мусиқишиносони ватанӣ ва хориҷи кишвар баргузор мешавад.

Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Олимов, барои ширкат дар ин ҷаншвнора-озмун мақомхонону ҳунаршиносон аз Эрон, Афғонистон, Чин, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Узбакистон даъват шудаанд.

Сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки дар чорчӯби баргузории ин ҷашнвора симпозиуми байналмилалии дар мавзӯи «Шашмақом» дар назар аст, ки иштирокдорони он дар бораи ин жанри таърихӣ баҳсу баррасиҳо хоҳанд кард.

Ба ин далел, масъулони Вазорати фарҳанг баргузории ин гуна ҷашнвораро омили рушди санъати волои мақомхонӣ ва густариши мусиқии «Шашмақом» дониста, мегӯянд, тавассути он чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дарёфт шуда, ҳамкориҳои фарҳангӣ дар ҷодаи мусиқии суннатии Шарқ таҳким меёбад.

Ҳамзамон, ба таъкиди масъулони Вазорати фарҳанг, мавқеи таърихию фарҳангии «Шашмақом» бештар дарк шуда, чорабинии мазкур имкони густариши иртибототи фарҳангии кишварҳои минтақаро бештар хоҳад кард.
Дар чорчӯби баргузории ин ҷашнвора барномаҳои консертӣ дар муассисаҳои гуногуни фарҳангии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Ду соле пеш ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар ҷашнвораи байналмилалии «Шашмақом» баргузор гардид ва бо вуҷуди даъвати Вазорати фарҳанг, гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Эрону Озарбойҷону Узбакистон ширкат накарданд.

Зимнан, аз соли 1999 ба ин ҷониб бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 12-уми май ба унвони рӯзи "Шашмақом" таҷлил мешавад. Ин иқдом ба манзури ҳифзи суннати овозхонии классикии тоҷикӣ ва тақвияти мактаб ва ҳунари мақомхонӣ амалӣ шудааст.

Шашмақом аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Тибқи манобеи таърихӣ, зодгоҳи "Шашмақом" шаҳри Бухоро, бунёдгузораш тоҷикон, созаш танбӯр ва Бобо Ҷамол, Бобо Ғиёс, Домулло Ҳалим, Леви Бобохон, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз аз саромадонаш ба шумор мераванд. Матни сурудаҳои "Шашмақом" аз назми форсу тоҷик ба вуҷуд омадааст.

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯи кор омадааст. Оҳангҳо ва сурудҳои "Шашмақом"-ро Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов, се донишманди мусиқии тоҷик, дар панҷ чилд ба риштаи адвор ё нота кашида, ба ин шоҳасар умри дубора бахшиданд.

Дар мусиқии "Шашмақом"-и асри гузаштаву имрӯз устодони мақом Нериё Аминов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Қумрӣ Қодирова, Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон саҳми бузург доранд.
XS
SM
MD
LG