Пайвандҳои дастрасӣ

Путин аз фаъолияти кобинаи Медведев интиқод кард


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо лаҳни тунд аз фаъолияти мақомоти ҳукумати кишвараш интиқод кард. Ин қабл аз он буд, ки бояд нахуствазир Дмитрий Медведев дар Думаи Давлатӣ суханронӣ мекард. Навори видеоӣ аз ин суханони Путин рӯзи сешанбе дар сомонаи Lifenews.ru пайдо шуд.

Путин гуфт, фаъолияти чанд вазири кобина як ҷо бо мақомоти сохтмони хонаҳо ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки бояд шароити беҳтари зист фароҳам меварданд, ба “сифр” баробар аст.

“Сифати кор арзише надорад. Ҳама корҳо сатҳист, мефаҳмед... ? Агар ҳамин тавр кор кунем, мо ба ҷое намерасем. Вале агар мо бештар пайгиронаву касбӣ кор кунем, бо дарки он, ки мо чӣ кор мекунем, дар он сурат мо ҳар кореро иҷро мекунем”.

Путин гуфт, ин мақомот бояд эътроф кунанд, ки фаъолияти онҳо бесамар будааст ва “агар касе хуб кор накунад, бояд биравад”.

Рӯзи чаҳоршанбе Дмитрий Песков-сухангӯи Путин гуфт, интиқодҳои раиси ҷумҳур ба волиҳои вилоятҳо иртибот дорад, на ба аъзои кобина.

Рӯзи чаҳоршанбе нахуствазир Медведев дар Думаи Давлатӣ ба суолҳои намояндагон роҷеъ ба фаъолияти кобина ҷавоб гуфт.
XS
SM
MD
LG