Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Никола Кавазович Уганда ва Кипр таваҷҷуҳ кардаанд


Никола Кавазович
Никола Кавазович

Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”-и Душанбе, яке аз номзадҳо ба вазифаи мураббии мунтахаби Уганда мебошад.

Дар ин бора сомонаи ukrfootball.com.ua хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ ба мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, инчунин, бошгоҳи футболи «Айа-Напа»-и Кипр, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии соли гузашта ноком гашт, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Вале Никола Кавазович аз шарҳи ин хабар ба радиои Озодӣ худдорӣ кард. Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон баъди бохт дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 дар Бишкек аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Баъди анҷоми ин бозӣ Никола Кавазович дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошта буд, ки «шартномаи ман ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахабаи Тоҷикистон бо Федератсияи футболи кишвар рӯзи 1-уми апрел қатъ меёбад. Бинобар ин фикр мекунам, ки кори ман дар ин ҷо ба анҷом расид.»

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи охирини FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) якбора 40 зина боло баромад ва дар мақоми 112-ум ҷой гирифт. Ин натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар таърихаш дар ин феҳрист мебошад.
XS
SM
MD
LG