Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Амрико ва мувозанат дар Осиёи Марказӣ


Раиси зеркумитаи умури марбут ба Аврупо, Авруосиё ва таҳдидҳои нав дар Кумитаи умури хориҷии Конгресси Амрико, Дана Роҳрабахер
Раиси зеркумитаи умури марбут ба Аврупо, Авруосиё ва таҳдидҳои нав дар Кумитаи умури хориҷии Конгресси Амрико, Дана Роҳрабахер

Дар Конгресси Амрико нақшу ҷойгоҳ ва густариши нуфузи Чин дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Агар дар Осиёи Марказӣ мувозанати қудратҳои ҷаҳонӣ пойдор нагардад, ин минтақа зери назорати Чин хоҳад афтод. Бо ишора ба ин дурнамо, аъзо ва коршиносони Кумитаи умури хориҷии Конгресси Амрико аз ҳукумати президент Барак Обама хостанд, сиёсати худро дар ин росто мушаххас кунад.

Ин натиҷагирӣ дар ҳоле садо дод, ки бархе аз вакилони Конгресс хостори ҳамбастагии бештари Амрико бо Русия дар муқобили Чин шуданд, вале бархи дигар гуфтанд, танҳо ҳамкории ҳамагонӣ метавонад, тавозунро нигоҳ дорад.

Профессори умури амнияти миллӣ дар Донишгоҳи ҳарбии Иёлоти Муттаҳида, Стефан Бланк гуфт, Вашингтон бояд пеш аз ҳама муайян кунад, ки оё Осиёи Марказӣ барояш аҳамияти стратегӣ дорад ё на. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Амрико ҳеҷ гуна стратегияи рӯшанеро дар ин минтақа тарҳрезӣ накардааст.

Раиси зеркумитаи умури марбут ба Аврупо, Авруосиё ва таҳдидҳои нав, Дана Роҳрабахер аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Чин бо рехтани сармояи зиёд, фиристодани мутахассисону коргарон ва моли арзон, кирояи замин ва истифода аз фасодзадагии мақомоти маҳаллӣ нуфузи иқтисодии худро дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Дури Русия ба авҷ расондааст. Ӯ гуфт: “Сармоягузорӣ афзоиш меёбад, то ҳамаи занҷираи тиҷоратӣ ҳам барои содирот ва ҳам воридот таҳти назорат гирифта шавад. Заминҳои кишоварзӣ, ашёи хом, захираҳои энержӣ, тавлидот ва савдои маҳаллӣ бе ширкатҳо ва мардуми бумӣ таҳти назорат гирифта шаванд.”

Пайванди тадриҷӣ ва моҳиронаи нуфузи иқтисодиро бо таъсири сиёсӣ, Роҳрабахер “шеваи кори Чин” ва “эҷоди вобастагӣ”-и кишварҳо ба Пекин номид, ки ҳадафаш дастрасӣ ба захираҳо аз роҳи абарқудратист. Ин дар ҳолест, ки Русия дигар мавқеи худро дар минтақа аз даст додаву ҷойи онро тадриҷан Чин ишғол мекунад.

Мудири барномаи “Осиёи Оянда” дар Маркази пажӯҳишҳои стратегии байнулмилалӣ, Ҷон Тейчик, аз фаъолиятҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ёд кард ва гуфт, барои давлатҳои Осиёи Марказӣ Амрико хеле дур аст ва онҳо илоҷе ҷуз инро надоранд, ки дар ин эътилоф “шарикони хурд” бошанд. Инчунин Амрико наметавонад, бевосита ба минтақа таъсир расонад ё бидуни Русия, Чин, Эрон ва қудратҳои дигар вориди он шавад. Ва аз сӯи дигар, онҳо ташнаи сармояҳои Чинанд ва худ, ба истилоҳ, “зери бор” хоҳанд рафт.

Аммо доктор Бланк ба ин ақида розӣ набуд ва гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ хостори ҳамкории бештар бо Амрикоянд, ки дар ҳоли ҳозир, бо вуҷуди доштани манофеъ дар минтақа, коре барои ин кишварҳо накардаасту намекунад. Вай афзуд: “Ба ҷои ин мо ба Узбакистон такия мекунем, ки амният ва қонунмандияш умдатан ба саломатии диктатори 74-сола бастагӣ дорад.”

Ба ақидаи конгрессмен Уилям Киттинг, Амрико бояд аз густариши нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии Чин дар минтақа пешгирӣ кунад, аммо на бо роҳи рӯёрӯӣ ё хусумат, балки ҳамкорӣ дар роҳи ҳифзи амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, ки хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 онро ба масъалаи аввалиндараҷа табдил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG