Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони қирғиз дар Сурия ба ҷонибдорӣ аз кӣ меҷанганд?


Яке аз намояндагони порламони Қирғизистон дархост кардааст, ки барои сафарбар кардани наврасон ба ҷанги шаҳрвандии Сурия расидагӣ анҷом бигирад. Достонбек Ҷумабеков-узви ҳизби Ата-Ҷурт ё Падарватан рӯзи чаҳоршанбе ин дархостро дар порламон матраҳ кард.

Ҷумабеков аз номи сокинони ноҳияи Араван дар порламон гуфт, ки дар вилояти Ӯш дар масҷидҳо тақрибан 15 наврасро розӣ кардаанд, ки онҳо ба Сурия раванд ва дар даргириҳои ин кишвар кӯмак кунанд. Онҳо аз тариқи Туркия вориди хоки Сурия шудаанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки як узви порламон ва ду падару модар ба Истамбули Туркия сафар кардаанд, то аз воқеияти ҳол огаҳ шаванд.

Маметбек Мирзобоев-корманди Кумиссиюни давлатӣ оид ба умури мазҳабӣ ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки 7 нафар сокинони деҳаи Қизил Қияи вилояти Бодканд моҳи гузашта аз қаламрави Туркия вориди Сурия шудаанд. Ҷавонтарини онҳо 18 сола аст.
XS
SM
MD
LG