Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳим Масов - барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод»


Раҳим Масов, директори Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон, сазовори ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» гардид.

Маросими супоридани ҷоиза 25 апрели соли равон дар Хонаи Пешкови Китобхонаи давлатии Русия баргузор мегардад. Дар он намояндагони расмии давлатҳои узви ИДМ, корпусҳои дипломатӣ, аҳли илму эҷод ширкат меварзанд.

Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ соли 2009 аз ҷониби Шӯро оид ба ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ ва Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои ИДМ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таъсис ёфтааст. Он ҳамасола дар се бахш - илму маориф, фарҳангу санъат ва саҳми арзишманд дар таҳкими робитаҳои башардӯстона ба шахсиятҳои арзандаи кишварҳои узви ИДМ супорида мешавад.
XS
SM
MD
LG