Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи сохтмони роҳи оҳан дар Ашқобод


Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва нақлиёти Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон таи ду рӯзи оянда дар шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон, масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Туркманистон тариқи қаламрави Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, 17-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар баррасии тарҳи сохтмони роҳи оҳани мазкур гурӯҳи коршинсони вазорати нақлиёт ширкат мекунанд. Вазир афзуд, ки коршинсони вазоратҳои ин се кишвар роҳҳои татбиқи ёддошти тафоҳуми ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон барои сохтмони роҳи оҳан ба имзо расида буд, мавриди баҳси сеҷониба қарор дода мешавад. Ин санад миёни Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон оид ба тарҳи роҳи оҳан миёни се кишвар як моҳи қабл дар таърихи 20 марти соли равон дар Ашқобод ба имзо расида буд.
XS
SM
MD
LG