Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Венесуэла дастикам 7 кас кушта шуданд


Додситони кулли Венесуэла Луис Ортега гуфт, дар хушунатҳои марбут ба интихоботи баҳсии раёсати ин ҷумҳурии Амрикои лотинӣ дастикам 7 тан кушта ва 135 тан дастгир шудаанд. Эътирозҳои хушунатомез дирӯз пойтахт –Каракас – ва шаҳрҳҳои дигарро дар пайи эъломи пирӯзии Николас Мадуро дар интихоботи 14 апрел фаро гирифт. Номзади мухолифин Ҳенрике Каприлес, ки бино ба натоиҷи расмӣ, аз Мадуро қариб 1,5 фоиз ақиб мемонад, шикасташро напазируфт ва аз нав шумурдани ороро талаб дорад. Мадуро вориси раҳбари пешини Венесуэла Ҳуго Чавес аст, ки моҳи март аз саратон даргузашт. Мадуро дирӯз мухолифинро ба таҳияи қасди кудато айбдор кард. Ҳам давлат ва ҳам мухолифин тарафдорони худро ба эътирозҳои нав даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG