Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри гузоришҳои Сербистону Косово ба ақиб aфтод


Куммиссиюни Аврупо нашри гузоришҳояш дар бораи пешрафти Сербистону Косово дар роҳи расидан ба равобити наздиктар бо ИА-ро ба таъхир гузошт. Қарор буд, ин гузоришҳо рӯзи сешанбе нашр шаванд. Куммиссари ИА дар умури тавсиъа Стефан Фуэле гуфт, ин аснод дирӯз тасвиб нашуданд, чунки раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон сарвазирони ҳарду кишварро имрӯз ба Брюссел ба даври нави музокироти таҳти миёнҷигии ин созмон даъват кардааст. Далели Эштон барои даъвати ин мулоқот дар ҳафтаи гузашта аз сӯи Белград радд шудани тарҳи оддӣ сохтани равобити Сербистону Косово буд. Дар гузориши дирӯзааш роҷеъ ба Мақдуния, Куммиссиюни Аврупо гуфт, бо вуҷуди танишҳои сиёсӣ пешрафтҳое ба даст омадааст. Гузориш таъкид мекунад, ки ҳоло “фурсати наве” барои ҳалли баҳси қадима бо Юнон бар сари исми Мақдуния фаро расидааст.
XS
SM
MD
LG