Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе даъвои Зоировро рад кард


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иддаоҳо дар бораи тасарруфи боз як қисми қаламрави ин кишвар аз сӯи Чинро шадидан рад кард. Сухангӯи ин вазорат Абдулфайз Атоев ба “Азия Плюс” гуфтааст, онҳое ки чунин изҳорот медиҳанд, ҳадафҳои муғризонаеро таъқиб мекунанд. Қаблан раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров ба радиои “Садои Хуросон” гуфт, ки гӯё марзбонони чиноӣ 20 километр ба умқи қаламрави Тоҷикистон фаротар рафтаанд ва ӯ инро дар ноҳияи Мурғоб бо чашмони худ дидааст. Тоҷикистон дар соли 2011 ба хотири ҳалли баҳси марзии бозмонда аз замони шӯравиаш бо Чин 1158 километр мураббаи қаламравашро ба он кишвар дод. Чин дар маҷмӯъ ба тақрибан 20 000 километри мураббаъ аз хоки Тоҷикистон даъво дошт.
XS
SM
MD
LG