Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI аломатҳои бомбгузории Бостонро таҳқиқ мекунад


Муфаттишони FBI, Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико мегӯянд, чанд аломати бомбгузории хунин дар Бостонро таҳқиқ мекунанд, ки дар ҷараёни дави марафонии ин шаҳр, се нафарро кушт ва бештар аз 150 тани дигарро захмӣ кард. Ричанд Деслауриер, раҳбари дафтари FBI дар Бостон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарие гуфт, ки тафтишот дар маҳаллаҳои гуногуни Бостон идома дорад, “вале ҳеҷ хатари дигар” маълум нашудааст.
Ӯ афзуд: "Мо то охири замин ҳам меравем, то масъул ва ё масъулони ин ҷинояти нафратангезро шиносоӣ кунем ва ҳама коро мекунем, ки онҳоро ба ҷазо бикашем."
Муфаттишон аз ҷумла барои пайдо кардани омилони бомбгузорӣ, навору аксҳоеро таҳқиқ доранд, ки мардуми оддӣ дар маҳалли ҳодиса бардоштаанд. Девал Патрик, губернатори аёлати Массачусетс гуфтааст, ки дар маҳалли ҳодиса дигар бомби нотаркидае пайдо накардаанд. Чак Ҳейгел, вазири дифоъи Амрико рӯзи сешанбе бомбгузорӣ дар Бостонро “як террори золимона” хонд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки масъулони бомбгузорӣ боздошт ва ҷазои сазовор кашида хоҳанд шуд. То кунун касеро дар робита ба ин ҳодиса боздошт накардаанд ва касе ҳам масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG