Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Силванус Иванс: “Ба ман оши палав бисёр маъқул шуд”


Силванус Иванс Гбети.

Силванус Иванс Гбети.

Силванус Иванс Гбети, футболбози 19-солаи африқоӣ аз Гана, бар асоси қарордод ҳоло дар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунад.

Ӯ дар ду бозии мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бо тимҳои пурқуввати “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дарвозаи тими “Вахш”-ро моҳирона ҳимоя кард ва бо ҳунари волояш ба дили ҳазорҳо мухлисон роҳ ёфт.

Баъди анҷоми бозии даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Вахш” ва “Хайр”, ки рӯзи 13-уми апрел дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа доир шуд, хабарнигори радиои Озодӣ бо дарвозабони мизбонон Силванус Иванс Гбети ҳамсуҳбат шуд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ба чанд савол посух бидиҳад.

Озодӣ: Нахуст дар бораи худ каме маълумот бидиҳед.

Силванус Иванс: Ман 19-уми октябри соли 1993 дар пойтахти Гана - Акра таваллуд шудаам. Аз хурдсолӣ ба футбол машғулам. Қади ман 1 метру 85 сантиметр ва вазнам 75 кг мебошад. Падару модар, ду бародару як хоҳар дорам ва онҳо дар Гана зиндагӣ мекунанд. Ман дар оилаамон фарзанди аз ҳама хурдӣ мебошам. Маро бародарону хоҳарам дастгирӣ мекарданд, ки футболбоз шавам. Ман кӯшиш мекунам, ки дар футбол камол ёбам ва ба сатҳи баланд бирасам. Мақсад дорам, ки дар ҷаҳон машҳур шавам.




Озодӣ: Шумо чӣ гуна ба ҳайати дастаи “Вахш” шомил шудед?

Силванус Иванс: Корҷӯям Чарлз Накути аз Тоҷикистон занг зад ва гуфт, ки барои дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ кардан ба ман дархост фиристодааст. Ман аз ин хабар хурсанд шуда, ба Тоҷикистон омадам. Маро ба дастаи “Вахш” қабул карданд. Дар ин ҷо ташкили кор хуб аст. Ба ман роҳбарону мураббиён ва бозигарони даста муносибати самимиву дӯстона доранд. Муносибати мухлисон низ бо ман хеле самимист. Ман доимо дар ҳалқаи онҳо мебошам. Бо ман суҳбат мекунанд ва маро дастгирӣ менамоянд. Шаҳри Қӯрғонтеппа ба ман писанд омад. Мардуми тоҷик хайрхоҳу меҳмоннавозанд. Ман худро дар ин ҷо бегона ҳис намекунам. Ягона мушкили ман ҳоло ин аст, ки забони тоҷикиро намедонам. Вале мехоҳам, ки тоҷикиро биомузам ва бо ҳамдастаҳоям ва ҳамаи онҳое, ки дар атрофи ман ҳастанд, суҳбат кунам.

Озодӣ: Ба Шумо кадом навъи таоми тоҷикӣ маъқул шуд?

Силванус Иванс: Ба ман оши палав бисёр маъқул шуд. Ба ғайр аз ин чӯҷабирёнро нағз мебинам.

Озодӣ: Шумо оиладор шудаед?

Силванус Иванс: Не, ман муҷаррадам. Дарвоқеъ, баъди анҷоми қарордод ман ба ватани худ бармегардам ва мақсад дорам, ки соли оянда издивоҷ кунам.

Озодӣ: Дар бораи ду бозии худ ва ҳамдастаҳоятон дар чемпионати Тоҷикистон чӣ андеша доред?

Силванус Иванс: Ман аз бозии худ қаноатмандам. Аз бозии ҳамдастаҳоям низ хушҳолам. Онҳо дар ҳарду бозӣ хуб ҳунарнамоӣ карданд. Ман фикр мекунам, ки бозиҳои беҳтарини мо дар пеш аст.

Озодӣ: Ҳадафи ширкати Шумо дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон чӣ аст?

Силванус Иванс: Ман мақсад дорам, ки, пеш аз ҳама, таҷоруби бозӣ касб карда, аз ҳамкасбони худ чизе биомӯзам. Мехоҳам, ки дар ҳар бозӣ маҳорати баланд нишон дода, хотири мухлисонро шод гардонам.

Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат. Муваффақ шавед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG