Пайвандҳои дастрасӣ

Дар заминларзаи Эрон даҳҳо нафар ҷон доданд


Бино ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон дар заминларзаи қавии тақрибан 8 дараҷаӣ дар манотиқи ҷанубушарқии ин кишвар дасти кам 40 нафар ҳалок шудаанд. Аммо мегӯянд, теъдоди қурбониён аз ин ҳам бештар аст. Маркази зилзиласанҷии Амрико нерӯи зилзила 7,8 дараҷа ва Маркази зилзиласанҷии Эрон 7,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер гуфтанд. Конун ва ё маркази зилзила дар 86 километрии ҷанубушарқи шаҳри Хоши Эрон будааст. Таконҳои заминларза дар Дубай ва Деҳлӣ ҳам эҳсос шудааст ва мардум аз тарс хонаҳои худро тарк кардаанд. Ҳотам Нерӯӣ, раиси вилоятҳои Сиистон ва Балуҷистон ба телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки таконҳо аз 15 то 20 сония идома кард. Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон гурӯҳҳои наҷотбахши худро ба маҳалли фалокат фиристодааст. Дар маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таконҳои сахте дар кишвар эҳсос нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG