Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заминларзаи қавие имрӯз Эронро такон дод


Бино ба гузориши Маркази Зилзиласанҷии Амрико, заминларзаи қавии 7,8 дараҷаӣ имрӯз манотиқи ҷанубушарқии Эрон дар марз бо Покистонро такон додааст. Маркази зилзиласанҷии Эрон мегӯяд, нерӯи зилзила дар вилоятҳои Сиистон ва Балуҷистон 7,5 дараҷа будааст. Маркази зилзила дар 86 километрии ҷанубушарқии шаҳри Хош будааст. Бар асоси гузоришҳо, заминларза, биноҳо дар Дубай то Деҳлиро ларзондааст. Доир ба талафот ва хисорот ҳанӯз гузорише нарасидааст. Дар маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, таконҳое қавие дар кишвар эҳсос нашудааст.
XS
SM
MD
LG