Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои дунё бомбгузории Бостонро маҳкум карданд


Раҳбарони кишварҳои дунё бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Бостони Амрикоро маҳкум карданд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, гуфт, таркишҳо дар назди марраи дави марафонӣ, ки “мардумони саросари дунёро ба ҳам меорад” бисёр ошуфтакунанда аст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ин ҳамлаҳоро “ҷинояти барбарона” хонда ва ба Амрико кӯмак пешниҳод кардааст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, “кишвараш дарду ранҷи ин гуна ҳодисаҳоро” эҳсос мекунад. Бар асари таркиши ду бомб ҳангоми дави марафонии Бостон дар рӯзи душанбе 3 нафар кушта ва бештар аз 100 нафари дигар захмӣ шуданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико қавл дод, ки гунаҳкоронро ба ҷазои сазовор хоҳанд кашид. Таҳқиқи ин ҳодисаро FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Амрико идома медиҳад. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти вазорати умури дохилӣ барои хотираи қурбонёни ҳодиса як дақиқа сукут кардаанд.
XS
SM
MD
LG