Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши деринтизори ду кишвар нашр мешавад


Қарор аст, имрӯз Кумиссиёни Аврупо, шохаи иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо гузориш дар бораи пешрафт дар музокироти узвияти чанд кишвари Балкан дар ин иттиҳодияро нашр кунад. Дар ин гузориш, аз ҷумла гуфта мешавад, ки то чӣ ҳад Сербистон ва Македония барои оғози музокироти узвият дар Иттиҳодияи Аврупо омода шудаанд. Масъалаи ҳаракати Косово барои ҳамкории наздиктар бо иттиҳодия низ дар гузориш баррасӣ шудааст. Пештар аз ин Сербистон, тарҳи пешниҳодии Иттиҳодияи Аврупо барои ҳамкории оддии он кишвар бо Косоворо рад кард. Сербистон то ҳол Косовро ба расмият намешиносад ва онро бахше аз қаламрави худ медонад. Кетрин Эштон масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ин ҳафта ба Черногория, Албания ва Македония сафар мекунад, то онҳоро ба идомаи ислоҳоти лозим барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ташвиқ кунад.
XS
SM
MD
LG