Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи Лашкари Тайибаро дастгир карданд


Паймони НАТО мегӯяд, дар амалиёте бо нерӯҳои афғон як фармондеҳи баландрутбаи Лашкари Тайиба, як созмони тундрави исломиро дар шаҳри Ғазнӣ боздошт карданд. Дар баёнияи расмии НАТО гуфта шудааст, ки дар ин амалиёти муштараки нерӯҳои эътилофиву афғон дар вилояти ноороми Андар ҳамчунин чанд ҷангҷӯи дигар дастгир шуд. Лашкари Тайиба, ки дар Покистон қароргоҳ дорад ва аз созмонҳои ифротии хашине маҳсуб мешавад. Фармондеҳи боздоштшуда дар Ғазниро аз тарроҳону иҷрокунандагони чандин ҳамла ба нерӯҳои афғон ва хориҷӣ дар вилоятҳои Кунар, Қандаҳор ва Ғазнӣ медонанд. Номи ӯро ифшо накардаанд, вале ба гуфтаи НАТО, ӯ бо ҷангҷӯёни хориҷӣ иртибот дошта ва зимни тарҳрезии ҳамлаи дигаре боздошт шудааст. Ҳамлаи хунини моҳи ноябри соли 2008 дар шаҳри Бомбайи Ҳиндро, ки 166 кушта бар ҷой гузошт, кори дасти Лашкари Тайиба хондаанд. Покистон фаъолияти ин созмонро дар қаламраваш мамнӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG