Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишон навори таркиши Бостонро таҳқиқ мекунанд


Муфаттишони амрикоӣ ба раҳбарии FBI Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Иёлоти Муттаҳида таҳқиқи ду бомбгузории хунин дар дави марафонии шаҳри Бостонро идома медиҳанд, ки се нафарро кушта ва тақрибан 130 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Муфаттишон аз ҷумла навори видеоиро таҳқиқ мекунанд, ки тамошогаре дар саҳнаи ҳодиса бардоштааст. Рӯзи душанбе ду бомб дар фосилаи кӯтоҳе миёни ҳам дар наздикии хати марраи дави марафонӣ мунфаҷир шуданд. Бар асари таркиш, баъзе аз тамошогарон ҷароҳатҳои сангин бардоштанд ва кӯдакон ҳам аз ҷумлаи осебдидагон ҳастанд. Дави марафонии Бостон аз пурбинандатарин дави марафонӣ дар Амрикост ва ҳазорон нафар барои дидани мусобиқот омада буданд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки гунаҳкорони ин ҳодисаро борздошт карда ва ҷазои сазовор хоҳанд дод. Барак Обама бомбгузориро ҳамлаи террористӣ арзёбӣ накардааст, зеро таҳқиқоти ҳодиса ҳанӯз идома дорад.
XS
SM
MD
LG