Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли ба вуҷуд омадани "Сарези хурд" дар Ванҷ


Ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ.

Ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ.

Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Ванҷ аз ҳукумати кишвар хостааст, сохтмони нақберо, ки қарор аст, оби дарёчаи Абдуқаҳҳорро ба рӯди Дустироз партоб кунад, суръат бахшад.

Ба гуфтаи сардори Cитоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия Юсуф Исҳоқов, иҷрои ин тарҳ аз пайдоиши эҳтимолии «Сарези хурд» ва таҳдиди он ба бештар аз 16 ҳазор сокини ноҳия, ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Лоиҳаи нақби мазкур ҳанӯз 40 сол қабл дар робита бо ҳаракати пиряхи Хирсон ва аз забонаи ях басташавии маҷрои рӯди Абдуқаҳҳору таҳдиди он ба маҳаллаҳои аҳолинишин ба миён омадааст. Ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллода, ҳаракати пиряхи Хирсон дар фосилаҳои гуногун чандин маротиба ба мушоҳида расидааст, вале соли 1973 бар асари басташвии маҷрои дарёи Абдуқаҳҳор, кӯли сунъӣ ба вуҷуд омада, ба маҳалоти аҳолинишин ва фурудгоҳи ноҳия хисорот ворид намуд.

Мутахассисон ҳисоб карданд, ки дарғоти сунъии яхин метавонад кӯлеро бо ғунҷоиши 20 миллион метрии мукааб об ба вуҷуд биёрад. Ба гуфтаи муовини сардори идораи оби вилоят Шафтолу Саидмирзоев, ҳарчанд ин кӯл назар ба Сарез 1000 маротиба хурдтар хоҳад буд, вале рахнашавии он ба 12 маҳалли аҳолинишини ноҳия ва роҳи автомобилгард, ки аҳамияти байналмиллалӣ пайдо кардааст, хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ба гуфтаи муовини сардори Идораи оби Бадахшон, ба манзури ҷилавгирӣ аз хатари эҳтимолии «Сарези хурд», ҳанӯз мутахассисони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Средазгипроводхоз» тарҳи нақб барои партоб намудани оби дарёчаи Абдуқаҳҳорро бар фарози рӯди Дустироз омода ва барои амалӣ намудан ба ҳукумати кишвар пешниҳод намуданд.

Аммо бинобар хароҷоти ҳангуфт, иҷрои он қатъ гашта, чанд сол қабл ҳодисаи мудҳиши деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа, ки мунҷар ба ҳалокати 24 нафар гардида, сабаби он рахнашавии кӯл будааст, аз нав мутахассисонро водор сохт, ки ба ин лоиҳа рӯ оваранд. Мутахассиси Идораи оби вилоят ин лоиҳаро барои таъмини амнияти сокинони ноҳия муҳим медонад. Нақби обпарто байни рӯдҳои Абдуқаҳҳор ва Дустироз 1200 метр дарозӣ дошта, барои сохтмони он болиғ бар 500 ҳазор доллари амрикоӣ зарур аст.

Дар ҳамин ҳол ҳавошиносони вилоят аз гармии бесобиқи ҳаво дар фасли баҳор ва хушксолӣ дар Помир ва таъсири он ба камшавии захираи пиряхҳо нигаронанд. Сардори пойгоҳи обуҳавосанҷии вилоят Кишвар Наврӯзшоев гуфт, ки дар нимаи аввали моҳи апрел дар Хоруғ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаво 7 дараҷа гармтар ҳаст. Гармии ҳаво дар Хоруғ ба 22 ва ноҳияи Дарвоз 28 дараҷа расидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки боришҳои зимистон ва баҳори имсола 98 миллиметр ва ё ҳамагӣ 60 дар сади ҳаҷми бориш дар соли гузаштаро ташкил додааст. Ба гуфтаи мутахасисони Ситоди ҳолатҳои фавқуллода, бар асари хушксолӣ агарчанде селу обхезӣ дар вилоят камтар шудааст, бо гармшавии ҳаво ва обшавии пиряхҳо, ин таҳдиди афзоиш хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG