Пайвандҳои дастрасӣ

Рогозин мухолифи қатъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аст


Комисияи давлатии марзбонии Русия мухолифи қатъи ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон мебошад.

Раиси Комиссияи давлатии марзбонии Русия Дмитрий Рогозин мегӯяд, пешниҳод дар мавриди қатъи ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон ба қаламрави Русияро тарафдорӣ намекунад.

Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва ҳамзамон раиси Комиссияи давлатии марзбонии ин кишвар рӯзи 16-уми апрел ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки Комисияи давлатии марзбони пешниҳоди ҳатмии қатъи ҳаракати қатораҳои Тоҷикистонро пуштибонӣ намекунад ва ин масъала бо назардошти ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар доираи созмонҳои СПАД ва ИДМ бояд аз назари ҳамшарикӣ ва эҳтиром ба қонунугузориҳои Русия баррасӣ шавад.

Дмитрий Рогозин таъкид мекунад, ки бояд назорат ба тартибу низом дар ҳаракати қатораҳо ҷиддӣ сурат бигирад ва васоили нақлияву молу колое, ки вориди қаламрави Русия мешавад, ҷавобгӯи меъёрӣ беҳдоштӣ бошад.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Мочалов, муовини раиси Хадамоти марзбонии Русия дар пайи тафтиши вагонҳои Тоҷикистон, рӯзи 14 апрел, таҳти раҳбарии ноиби нахуствазир Дмитрий Рогозин, дар вилояти Астрахан, хостори қатъи ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон шуд.

Геннадий Онишенко, раиси "Роспотребнадзор", ки дар ин рейд Рогозинро ҳамроҳӣ мекард, низ гуфта, ки идораи ӯ тафтиши мӯшикофонаи қаторҳои Тоҷикистонро идома хоҳад дод ва дар ғайри сурати рафъи камбудиҳо, низ аз пешниҳод қатъи ҳаракати ин қаторҳо ҳимоят хоҳад кард.

Дмитрий Рогозин ва Геннадий Онишенко рӯзи 14-уми апрел дар истгоҳи «Оқсарой-1»-и вилояти Астрахан қатори Душанбе-Маскавро тафтиш карда, аз вазъи бади беҳдоштии вагонҳо, бахусус, ошхонаи қатора, ки дар шароити ғайрисанитарӣ ғизо омода мешуд, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Онишенко гуфтааст: “дар ҳоле ки дар ошхонаи қатор яхдон нест, чи гуна хӯроки солим омода карда мешавад? Бояд кулли зарфҳои вагон доимо иваз шавад. Беҳтар аст, ки ин вагон –ошхонаро аз қатор хориҷ кунанд.”










Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG