Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳ тан аз омӯзгорони мактаби деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Қумсангир, ки панҷ сол боз дар синфхонаҳои тангу торик зиндагӣ доранд, омӯзгориро тарк мекунанд.

Ин омӯзгорон, ки панҷ соли пеш Донишгоҳи давалатии Кӯлобро хатм карда, бо даъвати ҳукумати маҳаллӣ ва роҳхати Вазорати маориф ба ин ноҳия рафтаанд, шароити зисташонро сангин медонанд.

Шавкат Юлдошов, яке аз ин омӯзгорон мегӯяд, ба онҳо ваъда шуда буд, ки дар муддати ду соли корӣ соҳиби қитъаи замин барои бунёди манзили зист мешаванд, аммо бо гузашти панҷ сол, ҳукумати маҳаллӣ ба ваъдааш вафо накардааст. Ин омӯзгори ҷавон мегӯяд, танҳо ба хотири имтиёз онҳо розӣ шуданд, зодгоҳи худро ба ноҳияи Қумсангир иваз кунанд.

Ӯ гуфт: «Мо дар ҳамин мактаб хоб меравем. Шароит хеле бад аст. Дар ҷое, ки мо хоб мекунем, сокинони маҳаллӣ партов оварда мепартоянд. Ҳаво гарм аст ва ин синфхонаҳои мактаб, ки барои зиндагии мо ҷудо шудааст, бӯй мегиранд. Чанд бор муроҷиат кардем, вале ҳар сол ваъдаи соли дигар медиҳанд. Панҷ сол шуд, вале на аз замини наздиҳавлигӣ хабар аст ва на аз дигар имтёзҳое, ки ба мо ваъда дода буданд.»

Гурез Ғуломов, омӯзгори дигари мактаби деҳаи Меҳнатобод мегӯяд, ҳангоми хатм ба онҳо ваъда доданд, ки ҳамчун омӯзгор дар ноҳияи Қумсангир шароити зисташон хуб мешавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки синни бархе ҳамроҳонашон аз сӣ боло мешавад, ҳанӯз имкони издивоҷ пайдо накардаанд:

«Аз даҳ нафар танҳо як нафар бо кӯмаки волидайнаш зан гирифт. Ҳоло ӯ ҳам азоб дорад. Мо ҳам агар волидайн барои зангирӣ кӯмак кунанд, дар ин синфхонаҳо оилавӣ зиндагӣ карда намешавад. Агар барои мо замин надиҳанд, меҳнатамон месӯзад. Мо ба ин маоши кам кор кардани набудем. Фақат барои имтиёзҳо ин қадар азобро ба гардан гирифтем. Бояд ҳукумати маҳаллӣ дар фикри мо бошад.»

Ин омӯзгорон мегӯянд, даҳҳо бор ба ҳукумати маҳаллӣ бо чунин мазмун шикоят кардаанд, вале ҳамаи шикоятҳояшон то кунун бепосух мондааст. Дар ҳамин ҳол, Наргис Ниёзмамадова, муовини раиси ноҳияи Қумсангир мегӯяд, воқеан, дар ин ноҳия камбудии пизишкону омӯзгорон ба назар мерасид ва онҳо ба хотири ислоҳ мутахассионро бо ваъдаи додани имтиёз ҷалб кардаанд.

Хонум Ниёзмамадова мегӯяд, аз мушкили ин даҳ омӯзгор хабар надорад, аммо дар ноҳияи Қумсангир дар навбати аввал омӯзгору пизишк соҳиби замин мешавад: «Мо дар навбати аввал ба омӯзгорону пизишкон замин медиҳем, зеро дар ҳақиқат аз ин ҳисоб мушкилӣ мекашем. Аз мушкили ин омӯзгорон хабар надорам. Ин ҷо шояд дигар гап бошад, вагарна дар панҷ сол онҳо бояд соҳиби замин мешуданд. Шояд онҳо худро ҳамчун сокини ноҳия сабт накардаанд, зеро қоида ҳамин аст, ки аввал аз қайди зодгоҳи худ мебароӣ ва дар ноҳия худро ҳамчун сокин ба қайд мегирӣ. Дар ин сурат мушкилӣ осон мешавад. »

Аммо Фаррух Маҳмадов, омӯзгори дигари ин мактаб мегӯяд, дар нахустин рӯзҳои корӣ шиносномаи худро аз қайди ҷои зисти пештараашон берун карда, дар ноҳияи Қумсангир дар қайд гузоштаанд. Ӯ мегӯяд, агар ба онҳо замин надиҳанд, маҷбуранд, аз ҳукумати маҳаллӣ ҷуброн талаб карда, омӯзгорӣ дар ин ноҳияро тарк кунанд: «Агар дар ин панҷ соли дар Қумсангир муаллим будан, ба Русия мерафтем, шояд зиндагиамон хубтар мешуд. Мо касби омӯзгориро дӯст медорем, вале бояд як навъе шавад, ки мо аз ҳисоби ин касб зиндагиамонро пеш бурда тавонем.»

Аммо Наргис Ниёзамамдова, муовини раиси ноҳияи Қумсангир мегӯяд, ҳеҷ имкон надорад, ки онҳо худро ҳамчун сокини ноҳия сабт карда, ариза дода бошанду ба онҳо замин надиҳанд. Ба ҳар ҳол, хонум Ниёзмамадова гуфт, мушкили пешомадаро ба масъулини ноҳия мерасонад ва сари ҳали он чорандешӣ хоҳанд кард.

Қумсангир аз ҷумлаи навоҳии Хатлон аст, ки чанд соли пеш мактабҳои он ҷиддан ба омӯзгори фанҳои гуногун ниёз дошт. Масъулини ноҳия тибқи қарордод бо Донишгоҳи Қӯрғонтеппа ва Донишгоҳи Кӯлоб ба шарти додани имтиёз, омӯзгоронро ҷалб карда буданд.

Аммо даҳ тан омӯзгорони мактаби рақами 11-и ҷамоати Қумсангири ноҳияи Қумсангир мегӯянд, бо гузашти панҷ сол ҳеҷ имтёз барояшон дода нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG