Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон аз хатҳои марзӣ бо Покистон розӣ нест


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дастур дод, посгоҳҳои марзиеро, ки Покистон дар қисматҳои баҳсбарангези марз гузоштааст, барҳам диҳад. Вай ин нуктаро дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ эълон кард.

Карзай гуфт, мехоҳад рӯшан кунад, ки оё нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар сохтмони чунин посгоҳҳои марзӣ ба Покистон кӯмак кардаанд ё хайр. Хатҳои мавриди баҳс дар марзи миёни ду кишварро, ки бо номи хати Дюран шинохта шудааст, дар охири қарни 19 таин кардаанд.

Ҳукумати кунунии Афғонистон намехоҳад ин хатҳои марзиро ба расмият шиносад ва мехоҳад бори дигар таини хатҳои марзӣ анҷом бигирад ва мегӯяд, ки қаламрави Афғонистон ба нафъи Покистон рафтааст.
XS
SM
MD
LG