Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯз дар саросари Ироқ 50 нафар дар ҳамлаҳо кушта шуданд


Рӯзи душанбе дар натиҷаи даҳҳо ҳамла дар саросари Ироқ 50 нафар ба қатл расида, бештар аз 300 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом мегирад, ки 20 апрел дар ин кишвар бори аввал аз соли 2010 ба ин сӯ интихобот анҷом мегирад.

Дар Бағдод-пойтахти Ироқ бештар аз ҳар ҷои дигар, яъне 25 нафар кушта шудаанд. Шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Фаллуҷа, Тикрит, Самарра ва Ҳилла осеб дидаанд.

Ҳеҷ гурӯҳе ё касе масъулияти ин инфиҷорҳову ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.
Интизор меравад, ки дар интихоботи 20 апрел мардуми Ироқ шӯрои раҳбарии вилоятҳоро интихоб кунанд.
XS
SM
MD
LG