Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороии вазирони ҳукумати Фаронсаро ифшо мекунанд


Барои аввалин бор вазирони ҳукумати Фаронса дороии худро эълон кардаанд. Ин яке аз ташаббусҳои Франсуа Олланд-раиси ҷумҳур аст, ки мехоҳад мардум ба ҳукумат боварӣ пайдо кунанд. Барои эълони дороии онҳо як сомонаи махсус ташкил шудааст ва нахуствазир бо 37 вазири худ дороии худро дар он ҷо бояд чоп кунанд.

Вазири будҷа эътироф кард, ки вай дар яке аз бонкҳои Суэд ҳисоби бонкӣ дорад. Баъд аз ин эътирофот эътибори президент Олланд дар миёни ҷомеа ба шиддат поин рафт.

Ҳоло вазири будҷаи Фаронса аз мақоми худ истеъфо додааст ва барои фиреби молӣ бар зидди вай парванда боз кардаанд. Олланд аз ин ифшогарӣ хиҷолатзада ва шармсор шудааст, ки ҳамҳизбии вай ва хизинадори Ҳизби Сотсиалист, ки ба курсии вазири будҷа нишаста буд, дар минтақаҳои оффшор ду ширкатро сармоягузорӣ мекардааст.
XS
SM
MD
LG