Пайвандҳои дастрасӣ

Мадуро дар интихоботи Венесуэло пируз эълон шуд


Николас Мадуро

Николас Мадуро

Ҳукумати Венесуэло мегӯяд,Николас Мадуро- дастпарвари Ҳуго Чавез ба таври расмӣ барандаи интихоботи расёсати ҷумҳурӣ эълоншуд. Аммо мухолифони ҳукумат тақозо доранд, ки райи интихобкунандагон дақиқтар шумурда шавад.

Ҳуго Чавез моҳи гузашта баъд аз бемории тулонӣ аз саратон даргузашт. Мадуро дар интихобот бар номзади мухолифон Ҳенрике Карпилес пирӯз шуд.

Мадуро 50,7 дарсад ва Карпилес 49.1 дарсад рай гирифтанд. Матбуоти давлатӣ эълон кард, ки мардуми Венесуэло дар раҳпаймоие, ки дар Каракас-пойтахти кишвар баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Карпилес-номзади мухолифон натиҷаҳои интихоботро қабул надорад ва мегӯяд, ки дар ҷараёни райдиҳӣ ва шумориши орои интихобкунандагон ҳазорон мавриди нақзи қонун мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG