Пайвандҳои дастрасӣ

Дар хати ниҳоии марафони Бостони Амрико таркиш рух дод


Матбуоти Амрико гузориш медиҳад, ки дар хати ниҳоии дави умумӣ ё марафон дар шаҳри Бостон таркиш рух додааст ва 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ин таркишҳо қаввӣ будаанд. Телевизионҳо дуди ғализро аз маҳали ҳодиса ба намоиш гузоштанд, ки ба ҳаво мепечид. Табибон афроди маҷрӯҳро ба хаймаи ёрии таъҷилӣ мебурданд.

Садои инфиҷор баъд аз се соати аз хати ниҳоӣ гузаштани барандаи марафон ба гӯш расидааст.

Марафони Бостон яке аз марафонҳои бузурги ҷаҳон дониста мешавад ва он ҳар сол дар душанбеи севвуми моҳи апрел баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG