Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Обама ба мулоқот бо якдигар розӣ шуданд


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ва Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба нақша гирифтаанд, ки дар ҳошияи мулоқоти кишварҳои ҶӢ 8 ё 8 кишвари санъатии ҷаҳон моҳи июн дар Ирланди Шимолӣ бо ҳам мулоқот кунанд.

Дар ин дидор ду раиси ҷумҳур дар бораи мавзӯъҳои муҳими дастури рӯзи мулоқоти ҶӢ 20 гуфтугӯ хоҳанд кард. Мулоқоти ҶӢ 20 моҳи сентябр дар Санкт Петербург баргузор мешавад.
Мувофиқа дар бораи мулоқоти Путин ва Обама рӯзи душанбе баъд аз музокироти Томас Донилон-мушовири амниятии раиси ҷумҳури Амрико ва мақомоти аршади Русия, аз ҷумла Путин ва Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Маскав эълон шуд.

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, баррасиҳои Томас Донилон дар Маскав “ҳамаҷониба ва созанда” будааст.

Юрий Ушаков-мушовири раиси ҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, вазъ дар нимҷазираи Корея низ баррасӣ шуд ва ҳар ду ҷониб дар ин маврид ба ваҳдати назар
Сергей Лавров ва Томас Донилон
Сергей Лавров ва Томас Донилон
расиданд. Донилон паёми Обамаро ба Путин расонд ва Обама дар ин паём равиши мақомоти Русияро “созанда” арзёбӣ кардааст.

Қаъл аз ин Лавров ба рӯзноманигорон гуфт, Донилон ва Ҷон Керрӣ-вазири коҳои хориҷаи Амрико дар музокироти ҳафтаи гузашта мушкилӣ дар “муносиботи дуҷониба”-и Амрикову Русияро эътироф кардаанд: “Ҳам Том Донилон ва ҳам Ҷон Керрӣ ба ман гуфтанд, ки давлати Обама таъсири ҷиддӣ ва нороҳаткунандаи ин равишро дарк мекунанд ва тадобире меандешанд, то ин таъсирро хунсо кунанд. Мо мебинем... Дар ҳар ҳолат мо дар амал ба он баҳо медиҳем на дар сухан”.

Дар миёни чунин омилҳои нороҳаткунанда Сергей Лавров аз феҳристи Амрико, ки бо номи санади Магнитский нашр шудааст, ёдоварӣ кард. Дар ин феҳрист номи афроде оварда шудааст, ки соли 2009 дар куштори Сергей Магнитский дар зиндоне зидахл дониста мешаванд.

Рӯзи ҷумъа дар робита бо ин куштор Вашингтон эълон кард, ки ба 16 нафар мақомоти Русия барои вуруд ба Амрико раводид содир нахоҳад кард. 2 нафари дигар барои нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам дониста мешаванд.
Русия низ даст ба иқдоми ҷавобӣ зад ва бар зидди баъзе мақомоти расмии Амрико таҳримҳои худро ҷорӣ кард. Русия гуфт, ки ин шахсиятҳо ҳуқуқи шаҳрвандони Русияро поймол кардаанд.

Лавров зимни сухунони худ ҳамчунин аз марги кӯдаконе ёдовар шуд, ки шаҳрвандони Амрико онҳоро ба фарзандӣ гирифта буданд. Марги писаре бо номи Макс Шатто, ки номи аслиаш Максим Кузмин буд, муносиботи ду кишварро ба бӯҳрон рӯ ба рӯ сохт. Ҷониби Русия падару модари амрикоиро дар марги Макс “муттаҳам” карданд.
Ба дунболи он моҳи январи соли ҷорӣ Русия фарзандхондии кӯдакони Русия тавассути шаҳрвандони Амрикоро мамнуъ эълон кард. Аз замони фурӯпошии Шӯравӣ то ҳол Амрикоиҳо бештар аз 60 000 нафар кӯдакони Русияро ба фарзандӣ қабул кардаанд.
XS
SM
MD
LG