Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Додгоҳи Дубай дар мавриди истирдоди Қувватов санаде пешниҳод накардааст"


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки «муфаттишони Оҷонсӣ ҳамаи амалҳои ҷиноии Умаралӣ Қувватовро таҳқиқ карда ва ба ихтиёри Додгоҳи Дубай қарор додаанд.» Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия рӯзи 15-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба таври расмӣ ҳанӯз додгоҳи Дубай дар мавриди истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳеҷ санаде ба Тоҷикистон пешниҳод накардааст. Вай афзуд, ки дар мавриди истирдод шудани Умаралӣ Қувватов аз тариқи интернет огоҳ шудааст. Ба нақли Фаттоҳ Саидов, муддате, ки дар додгоҳи Дубай парвандаи Умаралӣ Қуватов мавриди баррасӣ қарор дошт, ду маротиба санадҳои марбут ба ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов ба Додгоҳи Дубай пешниҳод шудаанд. Вай афзуд, ки ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов беҳад зиёданд ва ҳоло ҳам тафтиши амалҳои ҷиноии иқтисодии Умаралӣ Қувватов аз тарафи муфаттишони Оҷонсӣ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе додгоҳ истирдоди соҳибкор Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистонро тасдиқ кардааст. Қувватов, ки бо наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон тиҷорати муштарак дошта, баъди қатъи ҳамкорӣ бо онҳо ба Маскав фирор кард, тобистони соли 2012 аз пойтахти Русия дар бораи таъсиси созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо номи “Гурӯҳи 24” эълон кард. Ӯ рӯзи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд ва дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин боздошт бо дархости онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG