Пайвандҳои дастрасӣ

Сафҳаи Гулрухсор дар интернет


Гулрухсор Сафиева, шоири маъруфи тоҷик мегӯяд, ба хотири дастрасии бештари хонандагон ба осори шеърӣ ва насриаш, сомонаи интернетии худро http://gulrukhsor.tj/ боз кардааст. Гулрухсор Сафиева, шоираи шинохтаи тоҷик рӯзи 15 апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки сомонаи худро барои дастрасии ҳарчи бештари хонандагон ба осори назмию насриаш бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ боз кард. Дар сомонаи шоира тарҷумаи ҳол, аксҳо, мусоҳибаҳо ва осори офаридаи шоир ҷой дода шудааст. Хонанда бо ворид шудан ба саҳифаи авали сомона, бо шеърҳои навиштаи ӯ бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ ошно хоҳад гашт. Гулрухсор мегӯяд, ки бар иловаи ашъораш, ҳамчунин романҳояш, ки тайи солҳои ахир навиштааст, аз ҷумла романи машҳури «Сақарот»-ро дар сомона метавон боз карду мутолаа намуд. Шоира мегӯяд, ҳоло дар назар дорад, ки тамоми осори худро дар ин сомона ҷой диҳад ва хонандае, ки мехоҳад бо Гулрухсори адиб ошно шавад, пурра аз осору зиндагиномаи шоира огоҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG