Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳинд


Дар ҷаранёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби президенти Ҳинд Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, масоили густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар, дар соҳаи сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо бо ишора ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳаҷми кунунии табодули мол миёни Тоҷикистону Ҳиндро ҷавобгӯи имкону захираҳои мавҷуда намедонанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун байни ду кишвар беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Аммо рушди ҳамкорӣ дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хатаротӣ ҷаҳонӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ аз бахшҳои муҳими муносиботи ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо бар таъмини амният дар Афғонистон таъкид кард.

Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, ноиби президенти Ҳинд, ки рӯзи гузашта вориди Душанбе шудааст, ҳамчунин бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон дидору гуфтугӯ кард. Густариши равобити порлумонӣ дар меҳварӣ ин мулоқот қарор дошта ва ҷонибҳо доир ба паҳлӯҳои дигари муносиботи миёни Тоҷикистон ва Ҳинд иҳзори андеша карданд.
XS
SM
MD
LG