Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: ИМА ва ҳампаймонҳояш зидди Пхенян муттаҳид шуданд


ИМА ва ҳампаймонҳояш дар Осиёи Шарқӣ алайҳи таҳдидҳо аз сӯи Кореяи Шимолӣ муттаҳид шудаанд. Дар ин бора Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, дар суханронӣ дар Донишгоҳи Токио, хабар дод. Ӯ аз Пхенян даъват кард, ки барои намоиши садоқаташ ба созишҳои байнулмилалӣ дар мавриди ба минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ табдил додани нимҷазираи Корея гомҳои воқеъӣ гузорад.

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар Кореяи Шимолӣ зодрӯзи раҳбари пешини кишвар Ким Ир Сен таҷлил мешавад. Ба пояи хабарҳо, Пхенян мехоҳад дар робита ба ин ҷашн озмоиши ду мушаки миқёси парвозаш миёнаро ба роҳ монад.

Ҳафтаҳои ахир Кореяи Шимолӣ дар посух ба таҳримҳои нави Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба Кореяи Ҷанубӣ, ИМА ва Ҷопон таҳдиди ҷанг кард. Шӯрои амнияти СММ озмоишҳои ҳастаӣ аз сӯи Пхенян дар моҳи февралро маҳкум кард ва таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолиро тақвият бахшид.
XS
SM
MD
LG