Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Хайбар-Пахтунхва ду корманди интихоботиро куштанд


Овезаҳои интихоботӣ дар водии Свот

Овезаҳои интихоботӣ дар водии Свот

Мақомоти полиси Покистон ва табибони маҳаллӣ хабар доданд, ки ҷангӯён ду корманди маъракаи интихоботӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваро кушта, се нафари дигарашонро захмӣ кардаанд. Ин ҳодиса рӯзи душанбе дар мавзеи Дараи Исмоил Хон рӯй дод. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст. Дар бораи он ки ин афрод кадом номзаду кадом ҳизбро тарғиб мекарданд, иттилои зидуннақиз мерасад.

Ҳамла як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки як сиёсатмадори маҳаллӣ аз ҳизби миллии Авомӣ бар асари таркиши минаи рӯираҳӣ дар водии Своти ин вилоят ба ҳалокат расид.

Бар асари афзоиши хушунат дар арафаи интихоботи сартосарии рӯзи 11 май кафили нахуствазир Мир Ҳазор Хон Хозо дастур дод, ки барои ҳифзи ҳамаи номзадҳо чораҳои иловагии амниятӣ андешида шаванд.
XS
SM
MD
LG