Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16-уми апрел – оғози Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон


Рӯзи 16-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маросими ифтитоҳи марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии наврасони кишвар баргузор мешавад.

Ба иттилои бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аҳдофи Бозиҳои варзишии наврасон тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, муайян намудани беҳтарин варзишгарон ва дар маҷмуъ рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар мебошад.

Марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон аз рӯи 8 намуд: бокс, варзиши сабук, вазнабардорӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, самбо ва таэквон-до (ВТФ) барпо мегардад.

Ғолибону ҷоизадорони бозиҳо бо диплому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.

Ҷадвали баргузории марҳилаи ниҳоии
Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон

16-17 апрел. Душанбе. Варзиши сабук.
16-20 апрел. Душанбе. Бокс.
20-21 апрел. Чкаловск. Вазнабардорӣ.
20-21 апрел. Қӯрғонтеппа. Самбо.
20-21 апрел. Кӯлоб. Гуштии юнониву румӣ.
24-25 апрел. Турсунзода. Таэквон-до (ВТФ).
25-26 апрел. Кӯлоб. Гуштии озод.
26-27 апрел. Ваҳдат. Дзюдо.
XS
SM
MD
LG