Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 13-ум ва 14-уми апрел баргузор шуданд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ - варзишгоҳи “Пахтакор” бозиро бо тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Фурқат Мирҳайдаров, бозигари «Вахш», дар дақиқаи 56-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Идибек Ҳабибуллоев дар дақиқаи 87-ум бо сар вориди дарвозаи мизбонон намуд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими “Вахш”, баъди анҷоми бозии дастааш бо “Хайр” ба радиои Озодӣ чунин гуфт: “Бозӣ бисёр нағз гузашт. Дар нимаи аввал меҳмонон каме бартарӣ доштанд. Дар дастаи мо ҷавонон бозӣ мекунанд. Мо барои омодагӣ ба мусобиқаи имсола фурсати хеле кам доштем. Бинобар ин дар бозии мо ҳамдигарфаҳмӣ кам ба назар мерасад. Дар нимаи дуюми бозӣ мо каме бартарӣ доштем. Вале баъди задани тӯб ба дарвозаи “Хайр” бозигарони мо ақибнишинӣ карданд ва мехостанд, ки ҳисобро нигоҳ доранд. Аммо қувваашон нарасид. Дар оянда фикр мекунам, ки бозигарони мо хубтар бозӣ мекунанд ва машқҳои мо бештар мешавад. Ба мо вақт даркор аст, ки дастаро хубтар омода созем.”




Юсуф Абдуллоев, сармураббии тими “Хайр”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи бозии дастааш бо “Вахш” чунин ибрози назар кард: “Бозии имрӯза бисёр вазнин буд. Ҳамчунин ба бозии футболбозон вазъи майдон, ки баъди борон тар буд, то андозае мушкилӣ пеш овард. Мо медонистем, ки “Вахш” бештар ба хатти дифоъ таваҷҷуҳ намуда, аз пайи ҳимояи дарвозааш мешавад. Голе, ки ба дарвозаи дастаи мо зада шуд, ин хатои дарвозабонамон буд. Ташаккур ба бачаҳо, ки тавонистанд ҳисобро баробар намоянд. Имсол дар ҳайати дастаи мо баъзе тағйирот ба амал омад. Ба даста Баҳодур Шарифов, Ҷамшед Исмоилов, легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ ва легионери африқоӣ аз Гана Айдох Наполеон қабул шуданд. Мо дар мусобиқаи имсола барои гирифтани яке аз ҷойҳои ифтихорӣ мубориза мебарем.”

Дар бозии дигар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Тӯбро ҳамлагари мизбонон Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 3-юм ба ҳадаф расонд.

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи якшанбеи гузашта баргузор шуд. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Сайриддин Ғаффоров, легионери узбакистонии «Равшан», дар дақиқаи 56-ум зад.

Дастаи нави лигаи олӣ - «Панҷшер»-и Румӣ дар майдони худ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 2:6 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол», се гол зад. Ин аввалин хет-трик дар мусобиқаи имсола мебошад. Се голи дигари меҳмононро Роберт Жилин, легионери русиягӣ, Виллер Соуза Оливейра, легионери бразилӣ ва Ҷаҳонгир Ҷалилов ба самар расонданд. Ду голи мизбононро Бахтиёр Ҳакимов ва Равшан Азизов заданд.

Даври 2-юм
13-уми апрел, шанбе.

«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 1:0. Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон". Гол: Ҷомихон Муҳиддинов, 3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Хайр» (Ваҳдат) – 1:1. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”. Голҳо: Фурқат Мирҳайдаров, 56 (1:0). Идибек Ҳабибуллоев, 87 (1:1).

14-уми апрел, якшанбе.

«Равшан» (Кӯлоб) - «Энергетик» (Душанбе) – 1:0. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. Гол: Сайриддин Ғаффоров, 56.

«Панҷшер» (Румӣ) - «Истиқлол» (Душанбе) – 2:6. Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи марказӣ. Голҳо: Роберт Жилин, 3 (0:1), Виллер Соуза Оливейра, 11 (0:2), Бахтиёр Ҳакимов, 27 (1:2), 33 (1:3), 42 (1:4), 64 (1:5), Ҷаҳонгир Ҷалилов, 82 (1:6), Равшан Азизов, 85 (2:6).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 2 2 0 0 9-2 6
2. «Хайр» 2 1 1 0 3-1 4
3-4. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
3-4. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
5. «Хуҷанд» 2 1 1 0 1-1 3
6-7. «Истаравшан» 1 0 1 0 0-0 1
6-7. ССКА «Помир» 1 0 1 0 0-0 1
8. «Энергетик» 2 0 1 1 0-1 1
9. «Парвоз» 2 0 1 1 0-1 1
10. «Вахш» 2 0 1 1 1-4 1
11. «Панҷшер» 2 0 0 2 2-8 0

Нишонзани беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 3 гол.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG