Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъомади мухолифини муҳоҷират дар Русия


Рӯзи якшанбе бо иҷозати мақомот дар Маскаву Санкт-Петербурги Русия ҷамъомадҳои мухолифини муҳоҷирати бидуни назорат ба кишвар доир шуд. Дар Маскав ин гирдиҳамоӣ дар майдони Суворов ба дар Санкт-Петербург дар ҳамоиши кӯчаҳои Ленину Чкалов барпо шудааст.
Як идда ҳизбу ҷунбишҳои миллатгаро талаб доранд, ки Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ режими виза ё худ раводид ҷорӣ кунад. Ҳамчунон онҳо дархост намудаанд, ки Русия барои муддате вуруди муҳоҷиронро манъ кунад. Бар илова ташкилкунандагони ин гирдиҳамоӣ талаб кардаанд, ки маоши муҳоҷирону мардуми маҳаллӣ баробар бошад. Талаби дигари ҷамъомадагон нашри маълумот дар бораи ширкатҳоест, ки аз нерӯи кории арзон истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG