Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори сиёсатмадор дар водии Сувоти Покистон


Дар водии Сувоти Покистон дар натиҷаи таркиши бомбаи канори роҳ як пешвои сиёсии маҳаллӣ кушта шудааст. Таркиши рӯзи якшанбе идомаи силсилаи ҳамлаҳо дар арафаи интихоботи парламентии моҳи майи соли равон аст. Полис мегӯяд, бар асари таркиш Мукаррамшоҳ ном сиёсатмадоре дар ноҳияи Мингора ба қатл расид. Ба навиштаи хабаргузори покистонӣ Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Писари Мукаррамшоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки падараш узви Кумитаи маҳаллии сулҳ буд ва дар гузашта борҳо бо таҳдиди марг мувоҷеҳ гашта буд.
XS
SM
MD
LG