Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ба ҳимояти муттафиқонаш аз Пхенян содиқ аст


Вазири корҳои хориҷии Япония (Ҷопон) мегӯяд, ИМА ва Япония иҷозат нахоҳанд дод, ки Кореяи Шимолӣ дорои силоҳи ҳастаӣ шавад. Рӯзи якшанбе дар Токио дар як нишасти матбуотӣ баъди музокироти мансабдорони ИМА ва Япония котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва ҳамтои японии ӯ Фумио Кушида бо хабарнигорон вохӯрданд. Керрӣ гуфт, ИМА ба ҳимояти Япония “комилан содиқ” аст. Баъди тавсеаи таҳрими Кореяи Шимолӣ дар моҳи феврал, ки ҷавоб бабарномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ мебошад, мақомоти Пхенян борҳо таъкид кардаанд, ки болои ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония ҳамла хоҳанд кард.
Баъди таҳдидҳои Пхенян Япония дар гӯшаҳои мухталифи шаҳри Токио мушакҳои зиддимушакии Патриоти истеҳсоли ИМА-ро мустақар намудааст, то дар сурати ҳамлаи мушакӣ онҳоро хунсо кунад.
XS
SM
MD
LG