Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Автобуси наврасони рус дар Белгия тасодум кард


Рӯзи якшанбе дар наздикиҳои шаҳри шимолии Антверпени Белгия бар асари тасодуми автобус камаш 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захм бардоштанд. Ростуризм-идораи федералии сайёҳии Русия, мегӯяд, дар автобус наврасони рус аз вилояти Волгоград сафар мекарданд. Ба қавли Ростуризм ҳангоми тасодум дар дохили автобус 31 навраси мактабхон ва 8 фарди калонсол ҳузур доштаанд. Расонаҳои Русия бо ишора ба вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар навиштаанд, ки як зани рус-эҳтимолан муаллиммаи мактабхонҳо кушта шудааст. Ҳувияти қурбониҳои дигар ошкор нашудааст. Сабаби ҳодиса маълум нест. Тибқи гузоришҳо автобус аз роҳ берун шуда, аз баландии чанд метр бо як паҳлӯяш ба замин бархӯрдааст.
XS
SM
MD
LG