Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико омодааст, ки дар ҷустуҷӯи Малика ва Сабина мусоидат кунад


Мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот.

Мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот.

Амрико эълом дошт, ки барои пайдо кардани ноболиғони гумшуда Малика ва Сабина Араловаҳо ба мақомоти амниятии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ин пешниҳоди кишварашро дар мулоқоташ бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов матраҳ кардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқот бо дипломати амрикоӣ дар қатори мавзӯҳои мухталиф, чун мубориза бо терроризму тундгароӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷустуҷӯи афроди гумшуда дар ҳамдастӣ бо Бюрои федералии кашф ё FBI (ФБР) низ баррасӣ шуд:

«Бахусус сафири Амрико изҳор дошт, ки хадамоти махсуси амрикоӣ барои ҷустуҷӯи ноболиғон Малика ва Сабина Араловаҳо бо мақомоти тоҷик ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ин пешниҳодро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хуб пазируфт. Умедворем, ки ин ҳамкорӣ барои пайдо кардани ноболиғон дар ояндаи наздик муфид хоҳад буд.»

Ин манбаъ афзуд, Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пайдо кардани ноболиғони гумшуда таҷрибаи бойи Бюрои федералии кашф, ки аз таҷҳизоти ҷадидтарин кашф бархӯрдор аст, истифода хоҳад шуд.

Маҳмадулло Асадуллоев

Маҳмадулло Асадуллоев

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, пас аз ин мулоқот намояндагони вазорат бо мутахассисони сафорати Амрико низ вохӯрда, бо мутахассисони Бюрои федералии кашф дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар тамос шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, мутахассисони амрикоӣ изҳор доштаанд, ки шурӯъ аз ҳамин рӯзҳо ба ҷустуҷӯи ноболиғон тариқи шабакаҳои худ хоҳанд пардохт.

Малика ва Сабина Араловаҳо, сокинони хиёбони Айнии шаҳри Душанбе, рӯзи 25 март аз назди манзили худ ғайб заданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи онҳо як гурӯҳи вижаи ҷустуҷӯӣ таъсис дод, аммо то ба ҳол натиҷае ба даст наомадааст.

Дар ҳамин ҳол, ин аввалин таҷрибаи ҳамкории алании мақомоти амниятии Тоҷикистон бо Бюрои федералии кашф ё FBI хоҳад буд. Манобеъи расмӣ инро шарҳ надоданд, ки ҳамкорӣ ба хотири пайдо кардани ноболиғони гумшуда чӣ тавр роҳандозӣ мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, амрикоиҳо метавонанд ҷустуҷӯи онҳоро дар сатҳи байнулмилал пиёда кунанд.

Амруллоҳи Собир, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, ҷустуҷӯҳои бидуни натиҷа дар Тоҷикистон ин фарзияро низ ба миён овардаанд, ки ноболиғони гумшуда шояд ба хориҷи кишвар интиқол ёфтаанд, аз ин хотир, зарурати ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии кашф пеш омадааст:

«Алоқаҳои онҳо бо мақомоти амниятии дигар кишварҳои ҷаҳон собиқаи тӯлонӣ дорад. Ҳамчунин FBI дар аксари кишварҳои ҷаҳон намояндагиҳои худро дорад, аз ҷумла бо Интерпол. Онҳо метавонанд тамоми хатсайрҳои фурудгоҳҳо ва Малика ва Сабина

Малика ва Сабина

окзалҳои роҳи оҳан дар минтақаву ҷаҳонро наззора кунанд. Барои Тоҷикистон ин ҳазинаҳои молиявии бузургро дар пай дошта метавонад, ки ин мушкилро амрикоиҳо надоранд.»

Коршиносон ҳамчунин ба мавзӯи дигари мулоқоти сафири Амрико ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – натиҷаҳои тазоҳуроти рӯзи 5 апрел дар назди сафорати Амрико дар Душанбе низ ишорат мекунанд. Таҳқиқи онро вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба зимма гирифта буд.

Маҳмадулло Асадуллоев дар ин бора изҳори беиттилоӣ кард. Масъулони матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфтанд, ки мӯҳтавои ин мулоқотро рӯзҳои дигар шарҳ хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG