Пайвандҳои дастрасӣ

Венесуэла президент интихоб мекунад


 Николас Мадуро

Николас Мадуро

Рӯзи якшанбе дар Венесуэла интихоботи президентӣ доир мешавад. Президенти қаблии ин кишвар Ҳуго Чавес дар моҳи март баъд аз муборизаи дусола бо саратон даргузашт. Вориси интихобии Чавес Николас Мадуро, ки феълан сарпарасти мақоми президенти Венесуэла мебошад, имкони бештари пирӯзӣ дорад. Ӯ ваъда додааст, ки ақидаҳои Чавесро пайравӣ намуда, ба истилоҳ “сотсиализми асри XXI”-ро бунёд хоҳад кард. Ин назария аз омехтаи сиёсати чапгаро, хароҷоти калон барои камбағалон ва назорати давлатии иқтисод иборат аст. Рӯзҳои ахир рақиби Мадуро Энрике Каприлес ҳам аз дастгирии бештари раъйдиҳандагон баҳраманд шудааст. Каприлес мегӯяд, ӯ бар зидди ҳукумате мебошад, ки доимо бо камбуди ғизо, таваррум, камбуди барқ ва ҷинояткории рӯзафзун мувоҷеҳ аст. Венесуэла дорои бузургтарин захираи нафти рӯи олам аст. Ин кишвар ба режимҳои чапгарои Амрикои Лотинӣ кумаки зиёд мерасонад.
XS
SM
MD
LG