Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини президенти Ҳинд вориди Душанбе шуд


Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, муовини раиси ҷумҳури Ҳинд.
Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, муовини раиси ҷумҳури Ҳинд.

Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, ноиби раисҷумҳури Ҳинд рӯзи якшанбе ҷиҳати анҷоми сафари чаҳоррӯза, вориди Душанбе шуд.

Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари Муҳамад Ҳамид Ансорӣ, ноиби аввали раиси ҷумҳури Ҳинд ба Тоҷикистон то рӯзи 17-уми апрел идома хоҳад кард.

Рӯзи шанбе дар як нишасти матбуотии вижа дар Деҳлӣ Аҷа Бесариа, сарвари Раёсати Авруосиёи вазорати корҳои хориҷии Ҳинд ба хабарнигорон гуфт, Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ бо раиси ҷумҳур, сарвазир, вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва рушд, дифоъ ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мулоқот анҷом хоҳад дод ва ҳамчунин аз шаҳри Норак ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дидан хоҳад кард.Тибқи барномаи сафар, муовини раиси ҷумҳури Ҳинд аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб низ дидан менамояд.

Ин аввалин сафари як ноиби раисҷумҳури Ҳинд ба Тоҷикистон аст. Аз мақомоти баландпояи ин кишвар соли 2003 сарвазир Атал Биҳари Ваҷпай ва соли 2009 раисҷумҳур Пратибҳа Патил ба Тоҷикистон омада буданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон панҷ маротиба солҳои 1995, 1999, 2001, 2006 ва 2012 ба Ҳинд сафар карда, бо мақомоти баландпояи он мулоқотҳо анҷом додааст.

Рӯзномаҳои ҳиндӣ навиштанд, мавзӯи Афғонистон дар раъси барномаҳои гуфтугӯи ин мақоми ҳиндӣ бо мақомоти тоҷик хоҳад буд. Аҷай Бисариа, як масъули вазорати умури хориҷии Ҳиндустон ба рӯзномаи «The New Indian Express” гуфтааст, ки «дақиқан дар мавриди вазъияти Афғонистон пас аз соли 2014 ва хуруҷи нерӯҳои ISAF гуфтугӯҳо сурат хоҳанд гирифт.»

Ҳиндустон яке аз кишварҳое аст, ки аз замони касби истиқлол бо Тоҷикистон робитаҳои худро барқарор карда ва дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла низомӣ кӯмакҳо кардааст. Бо ҳафтод миллион доллар сармояи ҳукумати Ҳиндустон фурудгоҳи низомии мавсум ба Айнӣ дар 20 километрии ғарби Душанбе навсозӣ шудааст.

Ва дар ин кишвар шуморе аз афсарони нирӯҳои низомии Тоҷикистон таълим мегиранд. Афзун бар ин Ҳиндустон қасд дорад барои низомиёни тоҷик сохтмони як бемористонеро дар ноҳияи Фархор, қисмати ҷанубии Тоҷикистон таъмир ва навсозӣ карда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад.

Коршиносон мегӯянд, ки айни ҳол саҳми Ҳинд дар рушди иқтисоди Тоҷикистон чандон чашмрас нест. Ҳинд бо технологияи муосир таҷҳизонидани нерӯгоҳи Варзоб-1 бо сармояи тақрибан 17 миллион доллар сармояи Ҳиндустон анҷом медиҳад.Татбиқи ин тарҳ чаҳор сол пеш шурӯъ шуда буд ва ширкатҳои ҳиндии BHEL ва NHPC бояд онро аввалҳои соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор медоданд.

Бар пояи иттилои расмӣ, Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар рафъи паёмадҳои зимистони қаҳратуни соли 2008, обхезиҳои соли 2009 ва сели мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин дар ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии полиомиелит, кӯмаки моливу фаннӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG