Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии «Вахш» бо «Хайр» ва пирӯзии «Хуҷанд» бар «Парвоз»


Ду бозии даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 13-уми апрел баргузор шуд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо сарварии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар майдони худ - варзишгоҳи “Пахтакор” бозиро бо тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Фурқат Мирҳайдаров, бозигари «Вахш», дар дақиқаи 56-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Идибек Ҳабибуллоев дар дақиқаи 87-ум бо сар вориди дарвозаи мизбонон намуд.

Дар бозии дигар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар майдони худ бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро ҳамлагари мизбонон Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 3-юм ба ҳадаф расонд.

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи якшанбеи 14-уми апрел миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб - «Энергетик»-и Душанбе ва «Панҷшер»-и Румӣ - «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад.

Даври 2-юм
13-уми апрел, шанбе.

«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 1:0. Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон". Гол: Ҷомихон Муҳиддинов, 3.


«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Хайр» (Ваҳдат) – 1:1. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”. Голҳо: Фурқат Мирҳайдаров, 56 (1:0). Идибек Ҳабибуллоев, 87 (1:1).

14-уми апрел, якшанбе. Оғози бозиҳо - соати 16.00.

«Равшан» (Кӯлоб) - «Энергетик» (Душанбе). Шаҳри Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе). Ёварони сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Кенҷа Ҳаитов (Турсунзода).

«Панҷшер» (Румӣ) - «Истиқлол» (Душанбе). Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).Ёварони сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Исматулло Муъминов (Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе). Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Хайр» 2 1 1 0 3-1 4
2. «Истиқлол» 1 1 0 0 3-0 3
3. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
4. «Хуҷанд» 2 1 0 1 1-1 3
5-7. «Истаравшан» 1 0 1 0 0-0 1
5-7. ССКА «Помир» 1 0 1 0 0-0 1
5-7. «Энергетик» 1 0 1 0 0-0 1
8. «Парвоз» 2 0 1 1 0-1 1
9. «Вахш» 2 0 1 1 1-4 1
10. «Панҷшер» 1 0 0 1 0-2 0
11. «Равшан» 0 0 0 0 0-0 0
XS
SM
MD
LG