Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷике дар роҳ ба сӯи Миррих


Аз парвози аввалин кайҳонавард Юрий Гагарин ба кайҳон 52 сол сипарӣ шуд. Ин парвоз дар дили даҳҳо миллион наврасу ҷавонони шӯравӣ, аз ҷумла дар қалби кӯдакону ҷавонони тоҷик тухми орзуи кайҳоннавард шуданро кошта буд.

Ҳарчанд ҳаваси парвоз ба кайҳон барои садҳо садҳо ҷавони тоҷикистонӣ ҳамоно орзу боқӣ монд. Танҳо аз ду нафар тоҷикони бурунмарзӣ мешавад ёдовар шуд, ки яке ба кайҳон парвоз кардаасту дигарӣ дар тарҳҳои таҷрибавии парвоз ба сайёраҳои дигар ширкат кардааст.

Нафари аввал кайҳонавард Солеҳҷон Шарифов, шаҳрванди Русия аст, ки дар шаҳри Узген таввалуд шуда гуфта мешавад аз тоҷиктаборони Қирғизистон аст. Ба ӯ ду маротиба яке сол1997 ва бори дуввум соли 2004-ум муяссар шудааст, ки ба Маркази байналмиллалии кайҳонӣ- Мир парвоз карда ду бор ба кайҳони кушод барояд. Аммо иштирокчии тарҳи таҷрибавии парвоз ба «Мирих-500» Суҳроб Камолов бошад, дар Душанбе таваллуд шуда, аслан ҷарроҳи қалб мебошад.

Дар парвози тахайюлӣ ба сайёраи сурх - “Миррих-500”, шаш нафар “мирихнавард” чанд рӯз пеш дар як озмоишии Пажӯҳишгоҳи тиббиву биологии Фарҳангистони улуми Русия, дар шаҳри Маскав, дар як муҳити хеле наздик ба муҳити киштии кайҳонии озими парвозҳои дуре, чун ба Миррих, оғоз карданд. Ин парвози тахайюлии шаш миррихнавард таҳти, унвони "Миррих-500" 520 рӯз идома дошт.

Сӯҳроб Камолов номзади илми тиб, ҷарроҳи қалб ва корманди Маркази илмӣ - тиббии ба номи Бакулеви шаҳри Маскав, 40 сол дошта, дар шаҳри Душанбе дида ба ҷаҳон кушодаву соли 1989 мактаби миёнаи рақами 60-и пойтахтро хатм кардааст.

Ҳамон сол ба Донишгоҳи тибби Тоҷикистон дохил мешавад. Ӯ ҳамчунин Академияи ҳарбии тиббии шаҳри Санкт-Петербургро низ хатм кардааст. Модари руси ӯ дандонпизишк ва падари тоҷикаш низ табиб буда, феълан ҳарду бознишаста шудаанд ва дар Маскав ба сар мебаранд. Ҳамин тавр, танҳо бародари Сӯҳроб - Хуршед Камолов низ пешаи волидайнро пеша карда, табиб шудааст.

Хабарнигори «Озодӣ» бо Сӯҳроб Камолов- ҷарроҳи Маркази федералии раг ва дили шаҳри Пензаи Руссия сӯҳбат орост.

Озодӣ: Сӯҳроб, чӣ гуна ба лоиҳаи таҷрибавии “Миррих-500” роҳ ёфтед? Аз ҷои коратон ба он ҷо тавсия доданд ва ё интихоб шудед?

Суҳроб Камолов
Суҳроб Камолов
Cуҳроб Камолов: Медонед, як вақт дар сомонаи ташкилоти кайҳонавардии Русия «Роскосмос» як эълон баромад, ки хоҳишмандон барои як лоиҳаи таҷрибавӣ даъват карда мешаванд. Ман тарҷумаи ҳоламро фиристодам. Ба назарам ба «Роскосмос» таҷрибаи кори ман ва тарҷумаи ҳол, шахсият ва малакаю маҳорати ман писанд омад ва маро даъват карданд. Баъдан дар давоми шаш моҳ мо аз тестҳои гуногун - тестҳои психологӣ, ҷисмонӣ ва тандурустӣ гузаштем. Аз миёни 2 ҳазор довталабон маро ҳамин таври интихоб намуда, пешниҳод карданд, ки ҳамчун духтури ҳайати экипаж дар ин лоиҳаи таҷрибавӣ-пажӯҳишӣ ширкат кунам.

Озодӣ: Мақсади баргузории таҷрибаи парвози шартии «Миррих-500» чӣ буд?

Cуҳроб Камолов: Ҳадафи асосии ин тадқиқот ин буд, ки шаш нафар, яъне аъзоёни экипажи воқеии киштии сафар ба сайёраи Мирих оё дар муддати дароз дар як муҳити пӯшида якҷо кор карда, масъалаҳои бар дӯшашон гузошташударо иҷро карда метавонанд ё не? Ин ҳадафи асосии лоиҳа буд. Натиҷаи тадқиқот мусбат буд. Мо шаш нафар аъзоёни экипажи байналмилалӣ исбот кардем, ки инсон ба бисёр чизҳо қодир аст ва набуди дастрасӣ ба муҳити ароф ба коршоямии ҳайати мо таъсир накарад. Дар баробари ин дигар пажӯҳишҳо ҳам гузаронида шуданд, аз ҷумла тадқиқотҳои психологӣ, тиббиву биологӣ ва ҳамчунин тестҳои ба ҳам мувофиқ омадани аъзои экипаж.

Озодӣ: Чун Шумо дар лоиҳаи таҷрибавии парвоз ба сайёраи Миррих ширкат доштед, гуфта метавонед, ки оё дар ояндаи наздик ягон кишвари абарқудрат метавонанд инсонро ба ин сайёра фиристанд?

Cуҳроб Камолов: Сафар ба Миррих ин кори хеле гаронарзиш аст. Ҳар қадар кишвар абарқудрат низ бошад, вай қудрати пардохти ин ҳазинаи ҳангуфтро надорад. Бинобар ин агар низ чунин парвозҳо сурат бигарад, ҳазинаи онро якҷо чанд кишвари абарқудрат пардохт хоҳанд кард. То ҷое ман огоҳам, парвози инсон ба Миррих дар солҳои баъди 2030-ум, аниқтараш соли 2036 ба нақша гирифта шудааст. Ин лоиҳаро бояд якчанд давлат, шояд панҷ ё шаш давлат бо ҳам иҷро кунанд. Тавре шумо медонед, ҳайати «Миррих-500» ҳам аз кишварҳои гуногун буданд, ин намояндаи кишвари Чин, Фаронса ва қисман мутахассисони Амрико низ ширкат доштанд. Аз ҳама муҳим, барои парвоз ба Миррих ин омили инсонӣ аст. Ҳайати экипажи мо собит кард, ки инсон барои парвоз ба сайёраи Сурх омода аст. Ҳоло танҳо масъалаи техникиро бояд ҳал кард. Ҳарчанд аз ҷиҳати техникӣ низ инсоният дар баъзе самтҳо барои парвоз ба Миррих алакай омода аст.

Озодӣ: Дар киштие, ки 520 рӯз дар он ба сар бурдед, ҳама чиз ба киштии воқеии кайҳонӣ монанд буд? Масалан чӣ гуна шустушӯ мекардед, хӯрок мехӯрдед?

Cуҳроб Камолов: Ба ғайр аз ҳолати бевазнӣ, дигар ҳама чиз монанди киштии кайҳонӣ буд. Ҳатто аз он ҳам сахтар. Ҳаво аз муҳити атроф ба мо ворид намешуд. Мо нафас мекашидем ва таҷҳизоти махсус онро дубора тоза карда ба мо медод. Ҳамаи хӯрокворӣ, либос ва дигар чизҳо дар дохили ин киштӣ буд ва мо бояд ҳама чизро худамон анҷом медодем. Ҳамчунин мо имконӣ бо об шустушӯ карданро низ надоштем, чунки захираи оби киштӣ маҳдуд аст ва ҳар нафари аз аъзои экипаж лимити оби худро дошт. Лекин мо бо воситаи салфеткаҳои махсуси намнок баданамонро пок мекардем. Бояд гуфт, ки дар дохили киштии мо ягон намуди алоқа бо олами берун, назири интернет, телевизион набуд. Ҳол он, ки дар Маркази байналмилалии кайҳонӣ ҳамаи ин чизҳо муҳайёст. Агар мо занг мезадем баъди 45 дақиқа аз он сӯ ҷавобашро мешунидем.

Озодӣ: Сӯҳроб чун Шумо аз парвози таҷрибавии дурудароз гузаштед ҳамкнун орзуи парвози воқеӣ ба кайҳонро надоред?

Cуҳроб Камолов: Ман ҳам дар баробари насли солҳои ҳафтодуми асри гузашта ки инсоният дар кайҳон ба пешравиҳои назарас ноил шуд аз тифлӣ дар дил орзӯи кайҳонавард шуданро доштам. Хотирам ҳаст ҳатто дар овони мактабхонӣ ҳуҷҷатҳоямро ба ташкилоти мададгори мудофеа- ДОСААФ ба кружокҳои паридан аз парашут ва ҳавонавардӣ супурда будам. Аммо тақдир маро ба сӯи дигар бурд ва ман касбӣ табибиро интихоб кардам. Вале боз бинед, ки тақдир бори дигар ба ман имкон дод, ки дар парвози воқеӣ ба кайҳон ҳам набошад дар шароитҳои хеле наздик ба он худамро санҷам. Баъди ба анҷом расидани парвози таҷрибавӣ, ман дар Фаронса, дар даруни камераи махсус ҳолати бевазниро ба тани худ эҳсос кардам. Ин эҳсосро тасвир кардан душвор аст. Албатта агар маро ба парвози воқеӣ даъват кунанд ҳатман ширкат хоҳам кард. Агар ҳам накунанд, пас тақдир ҳамин будааст.

Озодӣ: Ташаккур Сӯҳроб барои сӯҳбат!

Cуҳроб Камолов: Ба шумо низ ташаккур. Саломамро ба ҳамаи ҳамватанонамон расонед!.
XS
SM
MD
LG