Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ овоздиҳии пешакӣ оғоз ёфт


Афсарони артиш ва полиси Ироқ як ҳафта пеш аз дигарон овоздиҳӣ дар интихоботи маҳаллии ин кишварро шурӯъ намуданд. Дар интихоботи рӯзи шанбе 650 ҳазор афсару сарбоз ҳаққи иштирок доштанд. Интихоботи маҳаллӣ фақат дар 12 вилоят доир хоҳад шуд. Дар шаш вилояти дигари Ироқ бо сабабҳои амниятӣ интихобот баъдан баргузор хоҳад шуд. Ин аввалин интихоботи Ироқ баъди интихоботи парламентии соли 2010-ум аст. 20-уми апрел 15, 5 миллион ироқӣ ҳақ хоҳанд дошт, ки ҳукуматҳои маҳаллиро интихоб намоянд. Ташвиш зиёд аст, ки ин интихобот ихтилофҳои мазҳабиву қавмии Ироқро амиқтар мекунад. Аз байни шаш вилояте, ки ҳукумати зери назорати мусулмонони шиамазҳаби Ироқ интихоботро ба таъхир гузоштааст, дар ду вилоят мусулмонони суннимазҳаб ва дар чор вилояти дигар курдҳо аксариятро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG