Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 кушта бар асари таркиш дар автобуси Покистон


Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, рӯзи шанбе дар натиҷаи таркиши бомба дар дохили як автобуси мусофиркаш камаш 9 нафар кушта шуданду 10 каси дигар захм бардоштаанд. Ҳодиса дар канораҳои шаҳри Пешавар-маркази вилояти Хайбар Пахтунхвои ҳамарз бо Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин минтақа нерӯҳои амниятии Покистон бар зидди Толибон чандин амалиёти низомӣ раҳандозӣ кардаанд. Мавҷи ахири нооромиҳову ҳамлаҳои террористии Покистон ин ташвишро халқ намудааст, ки интихоботи парламентии моҳи ояндаи ин кишвар саршор аз хушунат хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG