Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз Чин хост рӯи Пхенян фишор орад


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз раҳбарони Чин хостаат, то нуфузи худро истифода бурда, рӯи Кореяи Шимолӣ фишори бештар оранд. Рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо президенти ЧИН Сӣ Ҷинпинг Керрӣ гуфт, феълан “замони ҳалкунандаи баъзе масъалаҳои таҳдидовар фаро расидааст”. Керрӣ бӯҳрони Кореяи Шимолӣ ва Сурияро зикр намудааст. Рӯзи ҷумъа дар Сеул Керрӣ аз Чин, ки ягона муттафиқи бузурги Кореяи Шимолӣ ба шумор меравад, даъват карда буд, то Пхенянро ба лағви барномаи ҳастаияш водор кунад. Ба қавли Керрӣ озмоиши мушакҳои парвози мадди миёна, ки ҳоло мақомоти Пхенян ба баргузории он омодагӣ мегиранд, “хатои бузург” аст.
XS
SM
MD
LG